Валюта UZS
  • USD

    12 149.847.74

  • EUR

    14 003.91-76.07

  • RUB

    151.100.57

+18C

+18C

  • O'z
  • Ўз
Ўзбекистон
  • Сиёсат
  • Спорт
  • Жамият
  • Иқтисод
Хориж
  • Иқтисод
  • Сиёсат
Интервью
  • Маданият ва маърифат
Кутубхона
  • Адабиёт
  • Илмий ишлар
  • Мақолалар
  • Касаба фаоллари учун қўлланмалар
Бошқалар
  • Суратлар сўзлаганда...
  • Колумнистлар
  • Архив
  • Ўзбекистон журналистлари

Toshkent Shahar

+18c

  • Hozir

    +18 C

  • 11:00

    +20 C

  • 12:00

    +20 C

  • 13:00

    +21 C

  • 14:00

    +21 C

  • 15:00

    +21 C

  • 16:00

    +21 C

  • 17:00

    +20 C

  • 18:00

    +20 C

  • 19:00

    +19 C

  • 20:00

    +18 C

  • 21:00

    +17 C

  • 22:00

    +17 C

  • 23:00

    +16 C

  • O'z
  • Ўз

Telefon raqamingizni kiritng

Tasdiqlash kodini SMS orqali yuboramiz

Кириш

Toshkent

Toshkent Shahar

Juma, 03-April

+18C

  • Hozir

    +18 C

  • 11:00

    +20 C

  • 12:00

    +20 C

  • 13:00

    +21 C

  • 14:00

    +21 C

  • 15:00

    +21 C

  • 16:00

    +21 C

  • 17:00

    +20 C

  • 18:00

    +20 C

  • 19:00

    +19 C

  • 20:00

    +18 C

  • 21:00

    +17 C

  • 22:00

    +17 C

  • 23:00

    +16 C

  • Juma, 03

    +18 +20

  • Shanba, 04

    +15 +20

  • Yakshanba, 05

    +18 +20

  • Dushanba, 06

    +18 +20

  • Seshanba, 07

    +16 +20

  • Chorshanba, 08

    +13 +20

  • Payshanba, 09

    +15 +20

  • Juma, 10

    +17 +20

Hududlar

  • Toshkent Shahar
  • Andijon
  • Namangan
  • Sirdaryo
  • Surxandaryo
  • Qashqadaryo
  • Xorazm
  • Navoiy
  • Buxoro
  • Qoraqaplog’iston
  • Farg’ona
  • Toshkent vil.
  • Jizzax

НУТҚИ РАИСИ ФЕДЕРАТСИЯИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КАСАБАВИИ ӮЗБЕКИСТОН, УЗВИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАЖЛИС ҚУДРАТУЛЛО РАФИҚОВ ДАР АНҶУМАНИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ТАҲТИ МАВЗӮИ “НАШРҲОИ ИТТИҲОДИЯҲОИ КАСАБАВӢ ДАР ШАРОИТИ ТРАНСФОРМАТСИЯ: РОҲ БА СӮИ КОНВЕРГЕНТСИЯ”

Сиёсат
15 11:45 | 03.04.2026 11:45



Ассалому алайкум!


Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!


Меҳмонони гиромӣ!


Собиқадорон, журналистҳо, вакилони соҳаи медиа, олимон ва ҳамкорони иззатманд!


Қабл аз ҳама Шуморо ба анҷумани илмӣ-амалии байналхалқӣ, ки ба муносибати 35-солагии ташкил ёфтани газетаи “Ishonch”, ки таҳти муассисии Федератсияи иттиҳодияҳои касабавии Ӯзбекистон рӯйи нашр мебинад, аз таҳти дил муборакбод менамоям.


Аз дидор бо Шумо дар ин анҷумани бонуфуз бисёр мамнунам.


Алъон дар мамлакатамон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев озодии сухан ва ахбор, кушодӣ, мулоқот бо ҷамоатчигӣ, эъзоз намудани қадри инсон барин тамоюлҳо ба мизони асосии ҳаётиамон табдил меёбад. Муносибат ба воситаҳои ахбори оммавӣ низ куллан тағйир ёфтааст. Ин дигаргуниҳо, табиист, ки ба зиммаи матбуот нафақат имконияти васеъ, балки масъулияти боз ҳам калонтар бор мекунад.


Агар гӯем анҷумани имрӯза давоми мантиқии ҳамин гуна навсозиҳои ҳаётбахш аст, асло муболиға намешавад.


Айни замон чунин фикрҳои Президенти муҳтарами мо аснои вохӯриашон бо фаъолони иттиҳодияҳои касабавии Ӯзбекистон дар санаи 17 октябри соли 2025 барои мо ҳамчун дастуруламал хидмат менамояд:


“Дар давраи ҳозира, ки коммуникатсияи иттилоотӣ бо шиддат ривоҷ меёбад, ба одамон дар вақташ ва дуруст расонидани маълумотҳои муътамад хеле муҳим.


Дар иттиҳодияҳои касабавӣ барои ин ҳам шароит ва ҳам салоҳият кофист.


Иттиҳодияҳои касабавӣ, ки молик ба васеътарин аудиторияаанд, бояд аз аввалинҳо шуда иттилоот оиди тарғиби меҳнати ҳалол ва фидокорона, ҳамчунин таъмини қонунгузории муносибатҳои меҳнатиро дастрас гардонанд”.


Ин фикрҳо дар назди сохтори иттиҳодияҳои касабавӣ вазифаҳои хеле аниқ ва долузарб мегузоранд. Яъне мо танҳо сохтори ҳимоякунандаи ҳақ ва ҳуқуқҳои меҳнаткашон нестем. Мо сохторем, ки сухати муътамад, муносибати ҳаққонӣ ва масъулият дар назди ҷамоатчигиро низ ба зимма гирифтаем.


Хусусан, дар тадбири имрӯза иштирок намудани меҳмонони нуфузнок, ки дар иттилоот, медиа ва соҳаи идоракунии ҷамоатчигиву давлатии мамлакатамон ба обрӯву эътибор моликанд, барои мо хеле нишотангез аст.


Чунки мулоқоти имрӯза фарогир ва ҳамоҳангсози масъалаҳои муҳими матбуот, технологияҳои рақамнок, ҳуқуқҳои инсон, адабиёт, парлумон ва ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошанд.


Меҳмонҳои аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Туркия ташриффармударо самимона муборакбод менамоям. Ба туфайли иштироки онҳо ин анҷуман аз доираи ҷашни одӣ баромада, ба майдони таҷрибаивазкунӣ, ҳамоҳангсозии фикрҳо ва ҳамроҳ андеша рондан бобати ояндаи нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ табдил меёбад. Ин, албатта, басо муҳим.


Иштирокдорони муҳтарам!


Анҷумани имрӯза нафақат барои таҳририяти газетаи “Ishonch”, балки барои кулли ҳаракати иттиҳодияҳои касабавӣ, рушди матбуоти миллӣ ва фикри ҷамоатчигӣ низ воқеаи муҳим ба аҳамияти алоҳида аст. Зеро мо инрӯз як санаи одиро ҷашн намегирем. Мо бовариро, масъулияти суханро, меҳнати фидокорона ва масъулият дар назди ҷамъиятро арҷ мегузорем.


Маълум, ки нахустшумораи газетаи “Ishonch” 21 марти соли 1991 нашр шудааст. Аз ҳамон вақт бештар аз 5 ҳазору 500 шумораи он ба дасти муштариён расид. Дар паси ин рақамҳо меҳнати бисёрсола, таҷрибаи таҳририят, ҷустуҷӯҳои журналистони авлоди гуногун ва аз ҳама муҳиммаш, боварии хонанда муҷассам аст.


Имрӯз нашрҳои “Ishonch” ва “Ishonch”-Доверие” ба сифати инъикосгари ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавии мамлакатамон, нашре, ки ҳаёти аҳли меҳнатро равшан сохта, мавзӯъҳои ҳуқуқу манфиатҳои онро мунтазам мавриди баррасӣ қарор медиҳад, эътироф шудааст.


Ба 37 ҳазору 500 нусха расидани адади умумии рӯзнома, дар нуқтаи иҷтимоӣ бошад наздик ба 250 ҳазор расидани аудиторияи он дарак медиҳад, ки газета хонандаи худ, назоратгари худ ва доираи таъсири худро молик аст.


Баробари ҳамин ин ҳолат дар назди таҳририят масъулияти боз ҳам калонтарро мегузорад.


Вақтҳои охир дар фаъолияти таҳририят як қатор навсозиҳо ба чашм мерасад. Дар ҳузури таҳририят медиамарказ ташкил карда шуд, дар нуқтаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳояш боз гашт, сохтори дар ҳудудҳо чоп па таъҷилӣ паҳн кардани он ба роҳ гузошта шуд. Ҳамчунин, дар асоси беҳтарин мақолаҳо, ки ҳар сол дар саҳифоти рӯзнома чоп мешаванд, анъанаи нашри китобҳо низ ташаккул ёфт.


Лекин ошкор гуфтан лозим – ҳанӯз ҷараёни конвергентсия дар таҳририят пурра ташаккул наёфтааст. Он акнун намуди сохторӣ гирифта истодааст. Аҳамияти анҷумани имрӯза низ айнан дар ҳамин – он ба мо имконияти ба ҳолати мавҷуда баҳои холис додан, камбудӣ ва эҳтиёҷҳоро аниқ ҳис кардан, қадамҳои ояндаро муайян карданро медиҳад.


Иштирокдорони муҳтарам!


Иттиҳодияҳои касабавӣ – ин, аввало, манфиатҳои инсон мебошад. Аз ин маъно, нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ низ доимо бояд бобати қадри инсон, ҳуқуқи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, адолат ва ҳамҷиҳатӣ барин тамоюлот хидмат намояд.


Ҳамин тавр, ки ҳаст, газетаҳои “Ishonch” ва “Ishonch-Доверие”-ро танҳо нашрҳои паҳнкунандаи хабарҳо гӯем, кам аст. Онҳо минбарҳоеанд, ки дарди инсонҳои меҳнаткаш, ҳуқуқ, орзу-таваҷҷуҳ ва мавқеи онҳо дар ҷамъиятро бозгӯ менамоянд.


Анҷумани илмӣ-амалии байналхалқии имрӯза беҳуда “Нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ дар шароити трансформатсия: роҳ ба сӯи конвергентсия” ном нагирифтааст. Зеро, замон дигаргун мегардад, аудитория тағйир меёбад, шаклҳои истеъмоли ахбор бо суръати тез нав мешавад.


Зеро газета фақат нашри дар коғаз мебаромада нест. Он ҳамроҳ бо имкониятҳои сайт, видео, т. ю. и. фото ва видеоконтент, мулоқоти рақамноки таъҷилӣ ба қисми ҷудонопазири муҳити яклухти медиа табдил меёбад.


Аз ҳамин нуқтаи назар, анҷумани имрӯза барои ивази таҷриба, ҳамфикрӣ, пурзӯрсозии ҳамкорӣ ва муайянсозии вазифаҳои оянда ҳамчун майдони мулоқоти муҳим хидмат менамояд.


Мо давлатҳои Осиёи Марказӣ, иштироки ҳамкоронамон аз Туркия ва Озарбойҷонро аз ҳамин ҷиҳат баланд арзёбӣ мекунем. Бовар дорем, ин мулоқот дар байни нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ баҳри таҷрибаивазкунӣ, боз ҳам мустаҳкамсозии ҳамкориҳо дар соҳаи медиа хидмат мекунад.


Дӯстони гиромӣ!


Дар паси ҳар гуна натиҷа меҳнати инсон меистад. Аз ин маъно, ҷашни имрӯза – аввало, иди ҳамаи собиқадорон, муҳаррирон, мухбирҳо, тарҷимонҳо, дизайнерҳо, ходимони техникӣ ва кулли эҷодкорон аст, ки дар роҳи ташаккули ин газета ва фаъолияти имрӯзаи он ҳисса мегузоранд.


Мо ба аҳли қалам, ки ҳодисаю воқеаҳои дар ҷамъиятамон рӯйдодаро фақат ба ном баррасӣ насохта, балки баҳри кушодани мазмуну моҳияти онҳо кӯшиш ба харҷ дода, ба қалби мардум роҳ ёфта, барои овози аҳли меҳнатро ба ҷомеа расонидан саъй менамоянд, сидқан миннатдорӣ баён менамоем.


Бо мақсади муносиб қадр намудани ана ҳамин хидмат имрӯз ходимони таҳририят, як қатор инсонҳо, ки ба ривоҷи соҳа ҳиссаи муносиб мегузоранд, мукофотонида мешаванд. Ин рамзи эътироф аст. Ин ифодаи ҳурмат ба меҳнат мебошад. Ин тасдиқи он ки фидокорӣ ҳеч вақт бе эътибор намемонад.


Муҳтарам иштирокдорони анҷуман!


Имрӯз мо ба таърихи 35-сола такя намуда, дар бораи фардо низ бояд бияндешем. Вазифаи асосии дар назди мо истода – нашрҳои иттиҳодияҳои касабавиро ба давраи нав баровардан, муассирии онҳоро афзудан, аз имкониятҳои муҳити нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ самаранок истифода карда, дар вазъи ҷорӣ намудани механизми замонавӣ сохтори кор бо ҷавононро ҷорӣ намудан ҳиссаи контенти таҳлилӣ ва мултмедиаро васеъ сохтан мебошад.


Ба мо медиае зарур аст, ки анъана ва навсозиро ҳамоҳанг гардонад, боварӣ ва тезкориро муттаҳид намояд, мувозинат байни озодии сухан ва масъулиятро нигоҳ дорад.


Рӯзномаҳои “Ishonch” ва “Ishonch-Доверие” дар ҳамин роҳ ҷустуҷӯ месозанд. Зеро дар асоси талаботи давраи нав боз ҳам пурзӯр сохтани ин ҳаракатҳо – вазифаи муҳими ҳамаи мо.


Бовар дорам анҷумани имрӯза, вохӯрӣ ва табодули афкор барои рушди ояндаи нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ барои ғояҳои нав, ҳамкориҳои тоза ва ташаббусҳои нав роҳ мекушояд.


Аз фурсат истифода бурда, ҷамоаи рӯзномаҳои “Ishonch” ва “Ishonch-Доверие”-ро, тамоми собиқадорон ва ходимони имрӯзаро, ҳазорон хонандагонро, ки дар гирди ин нашрҳо муттаҳиданд ва тамоми вакилони медиаро боз як бор муборакбод менамоям.


Ба ҳамаатон саломатии мустаҳкам, қуввату ғайрат, илҳом ва муваффақият металабам.


Рӯзномаҳои “Ishonch” ва “Ishonch-Доверие” ҳамчун майдони мулоқот бо халқ, адолат ва ҳақиқат хидматро давом диҳад. Овози нашрҳои иттиҳодияҳои касабавӣ боз ҳам баланд, суханашон бештар таъсирбахш бошад.


Ба эътиборатон раҳмат!



Изоҳ қолдириш
Жўнатиш
Mақолага баҳо беринг
0/5

0

0

0

0

0

Mақолага баҳо беринг
0/5

0

0

0

0

0

Мавзуга оид

Сиёсат